Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси додгоҳи ҳакамӣ: "Парвандаи ман фармоишӣ аст!"


Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъ ва раиси додгоҳи ҳакамӣ
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъ ва раиси додгоҳи ҳакамӣ

Муҳаббат Ҷӯраева баҳси додгоҳияшро "фармоишӣ" ва талоше ба хотири барҳам додани додгоҳи ҳакамӣ номид.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Додгоҳи ҳакамӣ ва фаъолияти он як таҷрибаи нав дар Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, мақомот бояд ба роҳандозии фаъолияти он мусоидат мекарданд, на ин ки парванда боз мекарданд. Аммо мақомоти додгоҳи вилоятӣ зидди ин додгоҳи ҷамъиятӣ баромад ва бо номаи худ ба корхонаи фаръии ба қайдгирии давлатӣ амр кард, ки қарорҳои додгоҳи
Додгоҳ метавонист бо татбиқи қонуни афв бозбинии парвандаро қатъ мекард. Аммо баръакс бе ягон огоҳӣ бозбинии парвандаи маро таъйин карданд...
ҳакамиро иҷро накунад."

Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, ба майдони фаъолият ворид шудани додгоҳи ҳакамӣ, ба ҳайси алтернативае дар муқобили додгоҳҳои муқаррарӣ, ки баҳсҳои шаҳрвандиро дар муддати 10 рӯз ва бо харҷи камтаре ҳал мекунад, ба додгоҳи муқаррарӣ хуш наомад.

Вале Ҷумъабой Юсуфов, муфаттиши шӯъбаи тафтишотии Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, ки тафтиши аввалияи парвандаи Муҳаббат Ҷӯраеваро анҷом додааст, мегӯяд, бархе баҳсҳои шаҳрвандӣ дар додгоҳи ҳакамӣ бо адами риояти қонун сурат гирифтааст: "Аз рӯи қонун, ду тарафи баҳскунанда бояд барои баррасии масъалаи мавриди баҳси худ бо додгоҳи ҳакамӣ созиш бубанданд. Аммо додгоҳи мазкур бархе парвандаҳои шаҳрвандиро мухолифи ин талаботи қонун баррасӣ кардааст."

"НОЧОР"


Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳбуси тоҷик аст. Ҳамакнун аз сӯи додгоҳ алайҳи худи хонум Ҷӯраева низ мутобиқи 3 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои истифода аз ваколатҳои додгоҳи ҳакамӣ бар хилофи вазифаҳои ин ниҳод айбдор эълон шудааст.

Ӯ мегӯяд, таҳти фишор ва боз шудани парванда, фаъолияти додгоҳи ҳакамиро ба ҳайси муассис ночор қатъ гардонд: "Додгоҳ метавонист бо татбиқи қонуни афв бозбинии парвандаро қатъ мекард. Аммо баръакс бе ягон огоҳӣ бозбинии парвандаи маро таъйин карданд."

150 ПАРВАНДА


Дар рӯзи аввали мурофиаи парвандааш ахиран Муҳаббат Ҷӯраева ба додгоҳ раддия пешниҳод кард ва беғаразии Хуршед Сангинов, раиси додгоҳи ноҳияи Шаҳристонро, ки масъулияти мурофиаро дар толори додгоҳи Хуҷанд бар дӯш дошт, зери шубҳа гузошт.

Додгоҳи ҳакамии Хуҷанд соли 2008, пас аз қабули қонуни Тоҷикистон дар бораи додгоҳи ҳакамӣ таъсис шуда, аз нахустин чунин ниҳоди ҷамъиятии додгоҳӣ дар Тоҷикистон аст. Дар тӯли ду соли фаъолият, ин додгоҳи ҷамъиятӣ беш аз 150 парвандаи шаҳрвандиро баррасӣ ва ҳалу фасл кардааст.

Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, то кунун 90 дар сади ҳалномаҳои ин додгоҳи ҷамъиятӣ ба иҷро расиданд. Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи додгоҳҳои ҳакамӣ" иҷрои ҳалномаи додгоҳи ҳакамиро дар баробари додгоҳҳои умумӣ аз ҷониби ҳама ниҳоду идораҳо ва шаҳрвандон ҳатмӣ донистааст. Аммо бо фарқ аз додгоҳи умумӣ, ин ниҳод ҳаққи маҷбур кардан ба иҷрои ҳукм надорад.

"ДОДГОҲИ ҲАКАМӢ"

Муҳаббат Ҷӯраева
Бо назардошти ин нукта суол ин аст, ки додгоҳҳои ҳакамӣ чӣ гуна ниҳод ҳастанд ва дар чӣ маворид онҳо метавонанд вориди амал шаванд. Ба додгоҳҳои ҳакамӣ киҳо барои кӯмак муроҷиат мекунанд ва ин додгоҳҳо чӣ масъалаҳоро метавонанд ба баррасӣ бигиранд?

Абдулқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси мустақил ва вакили мудофеъ дар сӯҳбат бо мо гуфт, агар ду ҷониб бо ҳам баҳс кунанд ва натавонанд ба баҳси худ нуқта гузоранд, дар он сурат онҳо ба додгоҳҳои ҳакамӣ муроҷиат мекунанд, ба шарти ин, ки баҳси ду тараф ҷанбаи ҷиноятӣ надошта бошад.

Ӯ афзуд: "Агар тарафҳо, ҳар шахси алоҳида дар ҳолати пайдо шудани баҳс созиш кунанд ва ба қароре расанд, ки ба додгоҳи ҳакамӣ муроҷиат мекунанд, дар он сурат ҳар тараф ҳуқуқ дорад, ки ҳар кадом якнафарӣ ҳаками худро интихоб кунанд. Сипас, ин ҳакамон нафари севвум ё ҳаками севвумро худашон интихоб мекунанд. Маъмулан ҳайати ин ҳакамон аз се нафар иборат мебошад. Тибқи қонун, ҳайати онҳо бояд нобаробар бошад. Шаҳрвандон, масалан мову шумо дар ҳолате ба додгоҳҳои ҳакамӣ муроҷиат мекунем, ки намехоҳем ба додгоҳи давлатӣ муроҷиат кунем ва мехоҳем баҳсамон бидуни муҷозоти якдигар ва бо муросо ҳал шавад."

"ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ"

Суол: Қарорҳое, ки додгоҳҳои ҳакамӣ қабул мекунанд, то чӣ андоза эътибори қонунӣ доранд?

Абдулқаюм Юсуфов: "Дар асоси қонун қароре, ки додгоҳҳои ҳакамӣ қабул мекунанд, агар талаботи қонун ҳангоми расидагӣ ба парванда вайрон нашуда бошад, он дар мӯҳлатҳои муайянкардаи қонун эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ҳукми ин додгоҳҳои ҳакамӣ ба додгоҳҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ё додгоҳҳои иқтисодии маҳаллӣ барои навиштани иҷроварақа, яъне барои иҷро кардан пешниҳод карда мешавад."

РОЙГОН Ё ПУЛАКӢ?

Суол: Масалан, ду шаҳрванде, ки байни ҳам баҳс кардаанд, барои муроҷиат ба додгоҳҳои ҳакамӣ онҳо маблағе пардохт мекунанд ё ба муроҷиати онҳо ба таври ройгон расидагӣ сурат мегирад?

Абдулқаюм Юсуфов: "Албатта, боҷи давлатӣ барои расидагӣ ба баҳсҳо пешбинӣ шудааст. Фақат пардохти он фарқ мекунад. Масалан, боҷи давлатӣ ба додгоҳҳои давлатии ноҳияҳову шаҳрҳо ба бонки амонатгузорӣ супурда мешавад ва ин маблағ баъдан ба будҷаи ҳамон маҳал равон карда мешавад. Вале боҷи давлатӣ барои додгоҳҳои ҳакамӣ ба
Абдуқаюм Юсуфов

суратҳисоби ҳамон додгоҳи ҳакамӣ пардохт мешавад ва ин боҷ метавонад аз андозаи дуфоиза низ зиёдтар бошад. Ё додгоҳи ҳакамӣ метавонад гӯяд, ки боҷ на ду фоиз, балки як фоиз пардохт шавад. Аслан ба мураккабии баҳс вобаста аст, чунки мумкин аст ҳакамон коршиносонро барои ҳалли баҳс даъват кунанд ва хидмати коршиносон бояд пардохт шавад. Ба ҳамин сабаб маблағ метавонад кам ё зиёд бошад."

Суол: Оё додгоҳҳои ҳакамӣ метавонанд ба ҷиноятҳо низ расидагӣ ва ҳукми худро содир кунанд?

Абдулқаюм Юсуфов: "Албатта не. Ҳеҷ вақт шахси ҷиноятсодиркарда бо шахси ҷабрдида мусолиҳа карда наметавонанд, ки биё, мо аз додгоҳи давлатӣ даст мекашем ва меравем назди ҳакамон. Барои ҳар ҷиноят тибқи қонуни Тоҷикистон мушаххас ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст ва додгоҳҳои ҳакамӣ ваколати расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноятиро надоранд."
XS
SM
MD
LG