Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаққонӣ гуфт, ки дар куштори Раббонӣ даст надорад


Акси Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, муассиси гурӯҳи ҷангиён. Писари ӯ Сироҷ ҳоло раҳбарии ин шабакаро ба ӯҳда дорад

Акси Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, муассиси гурӯҳи ҷангиён. Писари ӯ Сироҷ ҳоло раҳбарии ин шабакаро ба ӯҳда дорад

Раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ дар мусоҳиба бо ширкати садову симои BBC гуфт, ки дар куштори Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон даст надорад. Сироҷ Ҳаққонӣ дар мусоҳибае, ки имрӯз пахш шуд, инчунин гуфт, ки ин гурӯҳ бо оҷонсии ҷосусии Покистон иртибот надорад. Масъулияти куштори Раббониро 20 сентябр дар манзилаш дар Кобул аз дасти як маргталаб ҳамоно ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре ба ӯҳда нагирифтааст. ИМА шабакаи Ҳаққониро масъули куштору ҳамлаҳо болои афроди саршинос ва аз ҷумла, сафорати Амрико дар Кобул 13 сентябри имсол медонад.
XS
SM
MD
LG