Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи мусаллаҳе ба ҳукумати вилояти Анбор ҳамла карда полисро ба гарав гирифт


Мақомоти амниятии Ироқ гуфтанд, ки гурӯҳи мусаллаҳе ба сохмони ҳукумати вилояти Анбор ҳамла карда кормандонро ба гарав гирифтанд. Ин ҳодиса дар шаҳри Ал-Бағдодӣ, дар 150-километрии пойтахт рӯй дод. Тибқи гузоришҳо, аз дохили ин сохтмоне, ки маҳалли корираиси вилоят ва идораи полис маҳсуб мешавад, садои таркиш ба гӯш мерасад. Эҳтимол меравад, ки гаравгонҳо афсарони полис мебошанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки шумори онҳо чанд нафар аст. Тафсилоти дигари ин ҳодиса ҳанӯз дар даст нест. Вилояти Анбори Ироқ ғолибан маҳалли зисти мардуми суннимазҳаб ба шумор рафта, то соли 2006 пойгоҳи аслии шӯришиёни суннӣ ба ҳисоб мерафт, вале баъд қабилаҳои маҳаллӣ бо низомиёни амрикоӣ муомила карда ҳодисаҳои хушунатомез дар ин вилоят рӯ ба коҳиш овард.
XS
SM
MD
LG