Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Салимзода: “Дар Тоҷикистон рақибони сиёсӣ таъқиб намешаванд"


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мавқеи ҳукуматро дар заминаи шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо ва зиндониҳо баён кард. Вай гуфт, ки қонунҳои кишвар истифоади зӯр ва шиканҷаро нисбати боздоштшудаҳо, аз ҷумла бо ҳадафи гирифтани баёнот маҳкум ва аз рӯи қонун муҷозот мекунад. Вай афзуд:

“Соли 2010 ва 8 моҳи аввали соли 2011 ба унвонии додситонӣ 66 шикоят дар заминаи бадрафториву шиканҷаи кормандони ҳифзи қонун бо боздоштшудаҳо ирсол шудааст. Дар 16 ҳолат шикоятҳо тасдиқ шуда аз рӯи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд. Аз ин шумор 12 шикоят ба додгоҳҳо фиристода шуда гунаҳгорон муҷозот шуданд. Вале на ҳамаи мавридҳои шиканҷа бо ҳадафи эътирофи содиршавии ҷиноят сабт шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 1600 корманди сохторҳои умури дохила аз рӯи ингуна шикоятҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 77 нафари онҳо аз кор ронда шуданд”.

Дар суханронии худ додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин ба масъалаи пайгарди қонунии мухолифони ҳукумати кишвар муроҷиат кард ва гуфт:

“Дар Тоҷикистон рақибони сиёсӣ таъқиб намешаванд. Дар воқеъ, барои содиркунии ҷиноятҳои мухталиф намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои мухолифин ва ҳамчунин аъзои ҳизби ҳоким ба ҷавобгарии ҷиноӣ ё дигар навъҳои ҷиноят кашида мешаванд. Вале бо пахши чунин изҳорот онҳо мехоҳанд аз тамғаи рақибони сиёсӣ истифода карда аз ҷавобгарии ҷиноӣ фирор кунанд. Вале дар баробари қонун, мувофиқи конситутсияи мо, ҳама баробар ҳастанд”.

Ба намояндагӣ аз Тоҷикистон дар нишасти Швейсари ҳамчунин Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ва намояндаи парлумон роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар суханронӣ карданд.
XS
SM
MD
LG