Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳии журналист Исмоилов ба таъхир афтод


Мурофиаи додгоҳии хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" -- Муҳаммадюсуф Исмоилов ба таъхир афтодааст. Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи ҷаноби Исмоилов аз қавли раиси додгоҳи шаҳри Табошар -- Саодат Алиева, иллати ин таъхирро ба бемории яке аз ёварони қозии додгоҳ рабт додааст. Қарор буд, мурофиаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов имрӯз, 3 октябр, идома карда ва ҳукми ӯ низ эълон шавад. Рӯзи ҷумъа додситон аз додгоҳ хост, то ин хабарнигори тоҷикро ба 14 соли зиндон маҳкум кунад. Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт 10 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва ӯро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд. Пайгарди қонунии хабарнигор боиси эътироз ва маҳкумияти созмонҳои хабарнигорӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар шуд.
XS
SM
MD
LG