Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳии Исмоилов боз ба таъхир афтод


Муҳаммадюсуф Исмоилов, рузноманигори тоҷик

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рузноманигори тоҷик

Мурофиаи додгоҳии хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" -- Муҳаммадюсуф Исмоилов боз ба таъхир афтодааст.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи ҷаноби Исмоилов аз қавли раиси додгоҳи шаҳри Табошар -- Саодат Алиева, иллати ин таъхирро ба бемории яке аз ёварони қозии додгоҳ рабт додааст.

Қарор буд, мурофиаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов имрӯз, 3 октябр, идома карда ва ҳукми ӯ низ эълон шавад. Рӯзи ҷумъа додситон аз додгоҳ хост, то ин хабарнигори тоҷикро ба 14 соли зиндон маҳкум кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт 10 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва ӯро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд. Аммо вакилони дифои ӯ ин иттиҳомотро бепоя медонанд ва мегӯянд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов бояд аз толори додгоҳ озод ва ҳамзамон "сафед" карда шавад.

Дар ҳоле ки вакилони Исмоилов мегӯянд, бахши зиёде аз иттиҳомоти зидди шахси зерҳимояи эшон тасдиқ нашудаанд, натиҷаҳои ташхиси забоншиносӣ, зоҳиран сабаби пойфишории мақомоти додситонӣ шудааст.

Амирҷон Ғафуров, ёрдамчии додситони шаҳри Табошар, дар ҷараёни баррасии парвандаи рӯзноманигор дар додгоҳ гуфтааст, бар асоси таҳлили забоншиносии мақолаҳои рӯзноманигор, ҷурми ӯ исбот шудааст ва биноан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст, Исмоилов ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Талаби ҳабси дарозмуддати Исмоилов созмонҳои журналистӣ ва ҳамкасбони ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар такон додааст. Яке паси дигар ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) аз Ню-Йорк ва Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз Порис аз муҳокимаи хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ ва дархости ҳабси дарозмуддати ӯ башиддат ибрози нигаронӣ карданд.

RSF дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъаи 30-юми сентябр гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин.” Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, "мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд."

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои дигари журналистӣ аз ҷумла Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон(НАНСМИТ), Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон-АФРӮЗ, ҳамчунин созмони Медиа-Алянс хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи маҳаллии “ Нури зиндагӣ” шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG