Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон барои зоирони хонаи Каъба либоси ягона таҳия мекунанд.

Ин либоси ягона, ки барои мардон аз шиму костюми "тунук" ва барои занон аз куртаи дарозу рӯймол иборат буда, рамзи Тоҷикистонро дорад, аз сӯи ширкати “Ёқут” омода мешавад ва қабл аз сафар барои зоирон дода хоҳад шуд.

Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин иқдом бо роҳи осонтаре пайдо намудани ҳоҷиёни тоҷик дар миёни миллионҳо зоирони хонаи Каъба будааст.

Муовини раиси Кумитаи дин афзуд: "Ҳам борхалтаҳои ягона мешаванд ва ҳам либоси ягона. Барои занҳо алоҳида ва барои мардҳо алоҳида либорс интихоб кардаем. Дар либосҳо нишони давлатии Тоҷикистон, дар пушти рӯймоли занон ва дар назди кисаи мардон бо ҳуруфи англисӣ Тоҷикистон навишта мешавад."



Кумитаи дини Тоҷикистон барои таҳияи либоси ягона ва борхалтаҳои дастӣ барои ҳар кадом ҳоҷӣ каме бештар аз 50 доллар харҷ мекунад, ки онро аз ҳисоби пули пардохтаи зоирон хоҳад гирифт. Яъне, барои либосу борхалта зоирон дигарбора пули изофагӣ намепардозанд.

Ин барои нахустин бор аст, ки барои зоирони Ҳаҷ аз Тоҷикистон либоси ягона таҳия мешавад.Вале Мавлон Мухторов, масъули дигари Кумитаи дин мегӯяд, чунин корро бархе аз кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Туркия таҷриба карда ва ҳоло низ идома медиҳанд.



Оқои Мухторов афзуд: "Мо чанд сол аст, ки ба Арабистони Саудӣ меравем. Зоирони туркӣ ва малайзиягӣ либосҳои хоссаи худро доранд. Яъне, либосҳои иборат аз як рангу як навъ. Шинохтани онҳо осонтар аст. Ягон хилофе надорад. Агар хилофе медошт, тӯли ин муддат зоирони туркиву малайзиягиро аз ин кор бозмедоштанд."

Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, тибқи шариати дини мубини Ислом дар эҳром одамон наметавонанд либосҳои гуногун бипӯшанд. Ӯ гуфт: "Либоси тамоми ҳоҷиёни рӯи дунё як хел аст. Ҳама либоси сафед мепӯшанд. Дар эҳром шариат иҷоза намедиҳад, ки ҳар кас либоси хостаи худро бипӯшад. Дар эҳром ҳама як хел либоси сафед ба бар мекунанд. Вале ғайри эҳром ҳоҷӣ озод аст, чӣ либосе хоҳад мепӯшад."



Имсол аз Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор нафар барои зиёрати хонаи Каъба мераванд. Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик рӯзи 15 октябр аз Душанбеву Хуҷанд ба самти Ҷидда тавассути ҳавопаймоҳои "СомонЭйр" ва "ТоҷикЭйр" парвоз хоҳанд кард.

Агар дар соли гузашта харҷи сафари ҳаҷ 3191 долларро ташкил медод, дар соли ҷорӣ ин қимат ба 3348 доллар расид. Бар замми ин, зоирон имсол пули Ҳаҷро на бо пули миллии сомонӣ, балки танҳо бо доллар пардохт карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG