Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори аҳолӣ аз муҳосираи Сирт дар Либия


Дар шифохонаи шаҳри муҳосирашудаи Сирти Либия, ки захмиёнро дар он табобат мекунад, бино ба гузоришҳо маводи сӯхт барои генератори он тамом шудааст. Кормандони шифохона, ки аз ин шаҳр гурехтаанд, гуфтанд, афроди захмишуда дар ҷанг дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҳалок мешаванд. Ҷанги размандагони Шӯрои миллии гузор бо ҳаводорони Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи Либия барои Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ идома дорад ва мардуми мулкӣ ҳам дар миёни даргириҳо мондаанд. Созиши оташбаси эъломшуда аз сӯи Шӯрои миллии гузор ба поён расидааст, агарчӣ мардуми фироркарда аз шаҳр мегӯянд, аз созиши оташбас чизе нашунидаанд.
XS
SM
MD
LG