Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбии вазъи Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи инсон


Қарор аст, имрӯз Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал, дар нишасти 12-уми худ дар шаҳри Женева вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Дар гузориши миллӣ ба шӯрои мазкур, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ба тааҳуддоти худ дар амри риояти ҳуқуқи инсон пойбанданд ва ба ҳуқуқи мардум дар кишвар эҳтиром мегузоранд. Айни замон дар суолҳое, ки аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ба давлати Тоҷикистон фиристодаанд, доир ба вазъи озодии матбуот, риояти озодиҳои мазҳабӣ, мустақилияти додгоҳҳо, вазъи зиндонҳо, таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон пурсида шудааст. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аксар вақт давлати Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG