Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаи як ҷоизаи Нобел имрӯз маълум мешавад


Имрӯз баранда ва ё барандагони ҷоизаи Нобел дар арсаи тиббро дар шаҳри Стокҳолми Шветсия эълом мекунанд. Ду олиме, ки баъзе аз муаммоҳои фарбеҳиро ошкор карданд ва ё донишманде, ки шеваи бидуни ҷанини инсон офаридани ҳуҷайраро офарид, аз барандагони эҳтимолии ин ҷоизаи мӯътабари Нобел ҳастанд. Дуглас Коулмени зодаи Канада ва Ҷефрӣ Фридмен аз Амрико соли гузошта “лептин” ҳормонеро ошкор карданд, нақши аслиро дар иштиҳо ва вазни инсон ифо мекунад. Шиня Яманака, донишманди ҷопонӣ барандаи эҳтимолии дигари Ҷоизаи Нобел аст, зеро ошкор кард, ки бе истифода аз ҷанини инсон аз пӯсти оддӣ низ метавон ҳуҷайра офарид. Ҳар касе ғолиб эълом шуд, ҷоизаи 1 миллиону 500 ҳазор долларӣ насибаш мешавад.
XS
SM
MD
LG