Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай музокирот бо Толибонро қатъ кард


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар остонаи эъломи сиёсати наваш дар робита ба истиқрори сулҳ, тамоми музокирот бо Толибонро қатъ кард. Дар суханронӣ дар ҳузури Шӯрои уламои саросари Афғонистон ӯ ҳамчунин аз давлати Покистон хост, барои маҳви тундравон саъйи бештар кунад, дар акси ҳол ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳақ дорад, таҳқиқи байналмилалии аъмоли Покистонро талаб кунад. Тағйири мавқеъи Ҳомиди Карзай дар қиболи Толибон ба думболи қатли устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон сурат мегирад, ки моҳи гузашта аз сӯи фарде, ки худро қосиди сулҳи Толибон муаррифӣ кард, кушта шуд.
XS
SM
MD
LG