Пайвандҳои дастрасӣ

Мардум аз шаҳри Сирти Либия мегурезанд


Бо авҷ гирифтани ҷангҳо барои шаҳри Сирт, зодгоҳи муҳосирашудаи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи Либия, мардуми зиёде аз ин шаҳр фирор мекунанд. Онҳо савори мошинҳои пурбори худ дар посгоҳҳои хуруҷии шаҳр навбат мепоянд. Шӯрои миллии гузори Либия мегӯяд, пеш аз ҳамлаи ниҳоӣ барои ишғоли шаҳри Сирт, мунтазир мемонанд, то мардуми боқимонда шаҳрро тарк кунад. Гурӯҳи маъмурони имдодии Салиби Сурх, ки ба табибони мӯҳтоҷ дар шаҳри Сирт доруву дармон расонидаанд, гуфтанд, аз ҳамлаи мушакӣ ба як шифохонаи шаҳр хабар доданд. Сирт яке аз ду шаҳри Либия аст, ки ҳанӯз дар дасти ҳаводорони Муаммар Қаззофӣ қарор дорад ва куҷо будани худи ӯ ҳам маълум нест.
XS
SM
MD
LG