Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон дар иҷрои талабҳои EU ва IMF оҷиз мондааст


Давлати Юнон рӯзи якшанбе гуфт, хароҷоти буҷаи давлатиро барои имсол ва соли оянда ба ҳадде, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул хостаанд, коҳиш дода наметавонад. Вазорати молияи Юнон гуфт, дефитсити буҷа дар соли равон имсол ба 8,5 дар сад аз маҷмӯъи тавлидоти дохилӣ хоҳад расид, агарчӣ бояд 7,6 дар сад шавад. Юнон бояд дефитсити буҷаи давлатиро соли оянда ба 6,5 дар сад расонад, вале мегӯяд, дефитсит дар соли 2012 6,8 дар садро ташкил хоҳад дод. Коҳиши хароҷоти буҷаи Юнон як шарти аслӣ барои дарёфти кӯмаки молӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ки то кунун миллиардҳо евро ба ин кишвари дармонда дар бӯҳрони молӣ кӯмак кардаанд.
XS
SM
MD
LG