Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳзоби сиёсии Миср интихоботро таҳрим намекунанд


Ба думболи ислоҳи меъёрҳои интихоботӣ дар Миср гурӯҳе аз аҳзоби сиёсӣ гуфтанд, интихоботи қарибулвуқӯъи порлумониро таҳрим нахоҳанд кард. Ин аҳзоб мехоҳанд, ҳампаймонҳои раиси ҷумҳури суқуткарда Ҳуснӣ Муборакро ба порлумон роҳ надиҳанд. Онҳо аз низомиёни ҳоким бар Миср хоста буданд, бо ислоҳи Қонуни интихобот ба онҳо иҷоза бидиҳад, ҳам бар асоси феҳрасти ҳизбӣ ва ҳам ба таври худпешбарӣ номзадҳояшонро сабти ном кунанд. Шӯрои низомии ҳокими Миср рӯзи шанбе бо иҷрои ин талаб ҳамчунин гуфт, ҷадвали замонии возеҳи интиқоли ҳукуматро таъйин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG