Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 гумонбари терроризм дар Олмон


Бино ба хабарҳо, дар Олмон 4 нафари гумонбар дар ифротгароии исломиро бо гумони таҳияи ҳамлаҳои террористӣ боздошт кардаанд. Як радиои маҳаллӣ аз қавли сухангӯи пулис хабар дод, ки ҳамаи боздоштшудагон зодагони Олмон буда, 3 тани онҳо аз Бонн ва якеи дигар аз шаҳри Оффенбах, воқеъ дар наздикии Франкфурти лаби Майн будаанд. Онҳоро зӯҳри шанбе дастгир кардаанд, вале сокини Оффенбах баъди чанде ба далели камбуди шавоҳид раҳо ёфтааст.
XS
SM
MD
LG