Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии сарвазири Бритониё аз буҳрони евро


Сарвазири Бритониё гуфт, минтақаи евро бояд мушкилоти молиашро ҳалл кунад, вагарна метавонад иқтисоди тамоми ҷаҳонро ғарқ кунад. Девид Камерон дар Манчестер, қабл аз оғози анҷумани солонаи ҳизби ҳокими муҳофизакораш гуфт, сарони минтақаи евро барои амал ҳамагӣ чанд ҳафтаи дигар фурсат доранд. Аммо ӯ афзуд, ҳоло фурсати ба маърази раъйпурсӣ гузоштани масъалаи узвияти Бритониё дар ИА нест. Ин мавзӯъ дар иҷлоси ояндаи парлумон баҳс хоҳад шуд. Тақозои чунин раъйпурсӣ алакай 100 000 имзои лозим ҷамъ овардааст.
XS
SM
MD
LG