Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қатли Раббонӣ ба СММ хоҳад рафт?


Карзай ҳамчунин аз Покистон хост, то дар амри фурӯ нишондани хушунатҳо кори бештаре анҷом диҳад. Карзай рӯзи ҷумъа дар дидор бо аъзои Шӯрои уламои Афғонистон гуфт, ҷониби дигари ин музокирот бояд Покистон бошад, на Толибон.

Оқои Карзай музокироти мустақими сулҳ бо Покистонро хости мардуми Афғонистон номид: “Сулҳ мехоҳем? Бале, мехоҳем! Сулҳ бо кӣ? Суол ин аст. Ҷониби муқобил дар ин музокира кист? Ин суолро мардуми Афғонистон аз ман мепурсад, ки раисиҷумҳур, ту ки суоли сулҳро баланд кардӣ, ҷониби муқобили сулҳат кист? Ман ҷавоби дигаре надорам, ҷуз ин ки бигӯям, ҷониби муқобил дар ин музокироти сулҳ Покистон аст. Чун Мулло Умарро мо пайдо карда наметавонем, ки куҷост. Шӯрои Толибонро пайдо карда наметавонем, ки куҷост. Қосиде, ки мефиристанд, ӯ мекушад. Суолу ҷавобе нест. Пас бо кӣ сӯҳбат кунем? Магар ин ки бо Покистон.”

Дар эъломияи ниҳоии нишасти Шӯрои уламои Афғонистон, ки дар Арки раёсатҷумҳурӣ дар Кобул доир шуд, ба интихоби равишҳои тоза дар гуфтугӯҳои сулҳ ва бо киву аз кадом тариқ сурат додани чунин музокирот таъкид шудааст.


Ёдбуди Раббонӣ дар Душанбе

Дидгоҳи Карзай дар қиболи Толибон дар пайи қатли раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ шадидтар шуд. Раббонӣ рӯзи 20 сентябр дар манзилаш дар Кобул аз сӯи маргталабе кушта шуд, ки мегуфт, бо худ аз Толибон паёми сулҳ овардааст.
Мақомоти Афғонистон аз рӯзи аввал ангушти иттиҳом ба сӯи Шӯрои Квейта, як ниҳоди олии раҳбарии ҷунбиши Толибон баланд карданд ва батакрор мегуфтанд, ки шавоҳиди айнии бадастомада ҳокии дар қатли Раббонӣ даст доштани ин ниҳодест, ки дар Покистон паноҳ мебарад.

Кобул ахиран эълон кард, ки асноду шавоҳиди марбут ба қатли Раббониро ба сафорати Покистон таслим кардааст. Ҳомиди Карзай ҳатто таҳдид кард, ки дар ғайри сурати ҳамкории Покистон дар таҳқиқи қазияи қатли Раббонӣ ин масъаларо ба минбари Шӯрои Амнияти СММ хоҳад кашонд.


Рафиқ Ҳарирӣ

Ҳуқуқдони афғон доктор Русто Таракӣ мегӯяд, СММ собиқаи дахолат дар чунин қазияҳоро дорад, ки як намунаи барҷастааш анҷоми таҳқиқи байналмилалии қатли 6 сол пеши сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳаририст. Доктор Таракӣ афзуд: “Кишварҳои хориҷии дахили қазияи Лубнон дар соли 2005 ангушти иттиҳом ба сари Сурия карданд, ки дар қатли Ҳарирӣ даст дорад. Бо тақозои Олмону Фаронса як куммиссиюни таҳқиқ таъйин шуд ва барои ба додгоҳ кашонидани масъулин аз тарафи Шӯрои Амният маҳкамаи ихтисосие низ таъсис ёфт. Қазияи Раббонӣ шабоҳате зиёде бо қазияи Ҳарирӣ дорад.”

Аммо сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ дар посух гуфт, Карзай дар мавриди қазияи қатли Раббонӣ ба бардоштҳои иштибоҳие роҳ додааст, вале дар асл Исломобод тамоми кореро ки дар мавриди ин қазия аз дасташ меояд, карда истодааст.

Дар пайи қатли Раббонӣ мухолифини сиёсии Ҳомиди Карзай низ хостори ба ҳоли таълиқ овардани музокироти сулҳ бо Толибон шуданд. Ба бовари онҳо, ин гуфтугӯҳо то кунун ҳама яктарафа буд ва натиҷае дилхоҳ наовард.

Ба бовари аксари маҳофили афғон калиди сулҳи Афғонистон дар Покистон аст ва дар ғайри сурати ҳамкории комили Исломобод наметавон ба хушунатҳо дар ин кишвари ҷангзада нуқта таммат гузошт. Ва ғолибан Ҳомиди Карзай бо ҳамин ақоиди ғолиб дар зеҳни ҷомиаи кишвараш мусаллаҳ шудааст, ки талаби гуфтугӯи мустақими сулҳ бо Покистонро дар миён мегузорад.
XS
SM
MD
LG