Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили Шӯрои мухолифини режими Асад


Дигарандешони Сурия имрӯз дар Туркия шӯрое ташкил доданд, ки аз ҷонибдорони суқути режими Башор Асад ҳимоят хоҳад кард. Ба гуфтаи фаъолон, ин шӯро, ки расман як моҳ қабл таъсис ёфта буд, “гурӯҳи мустақилест ба намояндагӣ аз мардуми Сурия дар набарди онҳо барои озодӣ” ва мухолифи дахолат аз хориҷ ба ҳаводисе ки дар кишвари онҳо мегузарад. Ин шӯро дар ҳоле таъсис ёфт, ки нирӯҳои Сурия Растон – як пойгоҳи мухолифинро дубора тасарруф карданд. Растон тайи чанд ҳафта дар дасти чирикиҳо ва як саҳнаи эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад буд. Нирӯҳои артиш бо тонку тӯпҳо рӯзи 27 сентябр вориди Растон шуданд.
XS
SM
MD
LG