Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии дастаҳои наврасони Тоҷикистону Баҳрайн мусовӣ шуд


Tajikistan -- Football match between youth team of Tajikistan and Jordan, Dushanbe/Tashkent, 25Oct2010

Tajikistan -- Football match between youth team of Tajikistan and Jordan, Dushanbe/Tashkent, 25Oct2010

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2012 байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд бо тими Баҳрайн бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Голҳо: Жасим аш – Шайх, 54 (1:0). Комрон Турсунов, 55 (1:1). Ҳамад ал – Ҳусайнӣ, 72 (2:1), Бобомирзо Баротов, 88 (2:2).

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон чунин буд: Равшан Содиров, Самандари Хайриддин, Алишер Ҷӯраев, Мармар Зоиров, Вайсиддин Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Комрон Турсунов (Насимҷон Маматқулов 90+2), Бобомирзо Баротов, Зокир Иброҳимов, Сиёвуш Мӯҳсинов (Меҳроҷиддин Музаффаров 46), Фирдавс Чақалов.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Чикаши Сузуки, мутахассиси ҷопонӣ, барои дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ мубориза мебарад. Сабқати гурӯҳи “С” то рӯзи 9-уми октябр идома хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С» дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2012 (U-16):

3-юми октябр. Қирғизистон– Узбакистон, Ҳиндустон - Баҳрайн.
5-уми октябр. Узбакистон – Ҳиндустон, Тоҷикистон - Қирғизистон.
7-уми октябр. Тоҷикистон– Ҳиндустон, Баҳрайн - Узбакистон.
9-уми октябр. Қирғизистон – Баҳрайн, Узбакистон - Тоҷикистон.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG