Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи иштибоҳӣ ба як воҳиди низомӣ дар Яман


Мақомоти Яман мегӯянд, ҳамлаи иштибоҳии ҳавопаймои низомӣ болои як қароргоҳи низомиён дар ҷануби кишвар дастикам 12 сарбозро кушта ба ҷо гузошт. Мақомоти амниятӣ бидуни бурдани ном гуфтаанд, ин ҳавопаймо як паноҳгоҳи Ал-Қоида дар вилояти Абёнро бояд ҳадаф мегирифт, вале саҳван мактаби басташудаеро, ки бригадаи 119-уми артиш пойгоҳи худ қарор дода буд, нишон гирифтааст. Ин воҳиди низомӣ ахиран эълон кард, ки дигар ба раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ содиқ нест. Ин минтақа саҳнаи набардҳо байни артиш ва чирикиҳоест, ки моҳи май маркази вилоят – Зинҷибарро тасарруф карданд. Давлати Солеҳ хабари ҳамлаи ахирро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG