Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 9 сарбози афғон дар Пактиё


Бар асари таркиши як бомби канори роҳ дар ҷанубушарқи Афғонистон дастикам 9 сарбози афғон кушта шуданд. Рӯҳуллоҳ Самун, сухангӯи волии Пактиё гуфт, ин ҳамла зӯҳри шанбе рух дода, бар асари инфиҷор 4 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Пактиё аз вилоёти ошӯбзадае маҳсуб мешавад, ки дар қаламраваш чирикиҳои Толиб фаъол боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG