Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Растон таҳти назорати нирӯҳои давлатии Сурия омад


Хабаргузории расмии Сурия мегӯяд, нирӯҳои давлатӣ назорати шаҳри Растон – як пойгоҳи мухолифинро дубора ба даст овардаанд. Растон то вуруди нирӯҳои артиш дар таърихи 27 сентябр тайи чанд ҳафта дар дасти чирикиҳо ва сарбозоне буд, ки ба тарафи мухолифин гузашта буданд. Ин шаҳр як саҳнаи эътирозҳои густарада бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад маҳсуб мешуд. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Асад дар Сурия 6 моҳ боз идома дорад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ҷараёни саркӯбии ошӯбҳо дар ин кишвар наздики 2000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG