Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти то 700 эътирозгар дар Ню-Йорк


Дар Ню-Йорк ҳудуди 700 эътирозгарро боздошт кардаанд. Пулис мегӯяд, онҳо талош доштанд роҳҳоро баста, дар атрофи пули Бруклин раҳпаймоии бидуни иҷозат ташкил кунанд. Пули Бруклин низ ҳамчун бахше аз ҷунбиши ишғоли Волл Стрит бояд муваққатан баста мешуд. Ин эътирозҳо, ки ҳафтаи дуввум боз идома дорад, алайҳи масоиле, чун сӯдҷӯии ширкатҳо, мусодираи манзилҳо, сатҳи баланди бекорӣ ва ёронаҳои давлат ба бонкҳои Амрикост. Фаъолон ҳанӯз ду ҳафта қабл дар дар наздикии собиқ Маркази ҷаҳонии тиҷорат қароргоҳ сохтанд. Чунин раҳпаймоиҳо дар шаҳрҳои дигар, аз ҷумла дар Бостону Чикаго ва Сан-Франсиско низ доир мешаванд. Пулис мегӯяд, пули Бруклин аз шоми шанбе дубора боз шуд.
XS
SM
MD
LG