Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай музокироти сулҳ бо Толибонро қатъ кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз тамоми музокироти сулҳ бо Толибонро қатъ кард. Карзай ҳамчунин аз Покистон хост, то дар амри фурӯ нишондани хушунатҳо кори бештаре анҷом диҳад. Карзай қаблан гуфт, ҷониби дигари ин музокирот бояд Покистон бошад, на Толибон.
Дидгоҳи Карзай дар қиболи Толибон дар пайи қатли раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ шадидтар шуд. Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ аммо дирӯз гуфт, Карзай дар мавриди қатли Раббонӣ иштибоҳ мекунад ва Покистон тамоми кореро ки дар мавриди ин қазия аз дасташ меояд, карда истодааст. Раббонӣ аз сӯи маргталабе кушта шуд, ки мегуфт, бо худ аз Толибон паёми сулҳ овардааст.
XS
SM
MD
LG