Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башар посух хоҳад гуфт


Бахтиёр Худоёров - раҳбари ҳайъати Тоҷикистон дар баҳсҳои Женева
Бахтиёр Худоёров - раҳбари ҳайъати Тоҷикистон дар баҳсҳои Женева
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ фардо - 3 октябр дар Женева барои нахустин бор вазъи давраии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баҳс хоҳад кард. Эътилофи созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар ин рӯз дар кинотеатри «Ҷавонӣ»-и пойтахт пахши мустақими муколамаи ҳайъати Тоҷикистон дар иҷлоси 12-уми гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башарро ташкил хоҳад дод. Интизор меравад, дар Женева мушкилоти доғи сиёсӣ ва ҳуқуқие, чун сарнавишти раҳбари зиндонии ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, манъи пӯшидани ҳиҷоб, манъи ҳузури наврасон дар намозҳои масоҷид, таъқиби хабарнигорон, аз ҷумла боздошту мурофиаҳо алайҳи хабарнигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов ва хабарнигори ББС Урунбой Усмонов, баҳс шаванд. Ҳайъати Тоҷикистонро дар нишасти Женева вазири адлия Бахтиёр Худоёров раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG