Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Ҷопон муайян шуд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 2-юми октябр дар шаҳри Қайроққум ба тамрин шурӯъ кард.

Футболбозони тоҷик ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Ҷопон, ки 11-уми октябр дар варзишгоҳи “Нагай”-и шаҳри Осако баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ҳайати дастаро ба бозӣ бо мунтахаби Ҷопон муайян кард, ки аз 19 футболбоз - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:

Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Вале легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари «Шинник»-и Ярославли Русия, ки 2-юми сентябр дар бозӣ бо мунтахаби Узбакистон ширкат дошт, дар бозӣ бо Ҷопон иштирок карда наметавонад.

Ҳамчунин Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров, Одил Эргашев (ҳарсе – «Истиқлол»), Алишер Додов, Сафаралӣ Каримов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ») ин дафъа ба дастаи мунтахаби кишвар даъват нашуданд.

Комил Саидов, ҳамлагари ССКА “Помир”-и Душанбе ва дар ҳамин ҳол беҳтарин голзани мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон ва Миралӣ Муродов, дарвозабони дастаи «Энергетик»-и Душанбе, боз ба дастаи мунтахаб даъват шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Узбакистон ва дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб гашта буд.

Ҳоло дар гурӯҳи "С" Ҷопону Узбакистон чаҳоримтиёзӣ ва Кореяи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Баъди натиҷагирии ду даври сабқати интихобӣ мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳои дигар чунин аст:

Гурӯҳи "А" -- Урдун 6 имтиёз, Чин ва Ироқ 3-имтиёзӣ, Сингапур 0 имтиёз

Гурӯҳи "В" -- Куриёи Ҷанубӣ ва Кувайт 4-имтиёзӣ, Лубнон 3 имтиёз, АМА 0 имтиёз

Гурӯҳи "D" -- Австралия 6 имтиёз, Таиланд 3 имтиёз, Умон ва Арабистони Саудӣ якимтиёзӣ

Гурӯҳи "Е" -- Эрон ва Баҳрайн 4-имтиёзӣ, Қатар 2 имтиёз ва Индонезия 0.

Тақвими бозиҳои минбаъдаи дастаи Тоҷикистон чунин аст:

11-уми октябр: Ҷопон - Тоҷикистон

11-уми ноябр: Тоҷикистон - Ҷопон

15-уми ноябр: Узбакистон - Тоҷикистон

29-уми феврали соли 2012: Тоҷикистон - Кореяи Шимолӣ
XS
SM
MD
LG