Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти артиши Сурия дар Растон


Эътирозҳои рӯзи ҷумъа дар Сурия (Акс аз бойгонӣ)
Эътирозҳои рӯзи ҷумъа дар Сурия (Акс аз бойгонӣ)
Фаъолон мегӯянд, нирӯҳои артиши Сурия таҳти ҳимояти тонку тӯпхонаҳо вориди шаҳри Растон шуда, дастикам 15 сарбозеро, ки ба тарафи тазоҳургарон гузашта буданд, куштанд. Хабарҳои расида аз Растон ҳокии шилликборони шадид дар саросари шаҳр ва ҷустуҷӯи хона ба хонаи сарбозони фирорӣ тавассути артиш аст. Бо ин ҳол, намояндагони як ташаккули умдаи мухолифини Сурия рӯзи шанбе дар Истамбул як нишасти пушти дарҳои баста доир карданд. Шӯрои миллии Сурия, ки гурӯҳҳои мухталиф ва тақрибан 140 шахсияти мухолифи режими Башор Асадро муттаҳид мекунад, дар поёни моҳи август дар Истамбул таъсис ёфта буд.
XS
SM
MD
LG