Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як фармондеҳи шабакаи Ҳаққонӣ дар Пактиё


Ҷалолуддин Ҳаққонӣ

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ

Нирӯҳои таҳти фармони НАТО мегӯянд, дар ин ҳафта ҳангоми амалиёт дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон Ҳоҷӣ Малихон, як фармондеҳи аршади шабакаи Ҳаққониро дастгир кардаанд. ISAF гуфт, Малихон рӯзи панҷшанбе дар улусволии Ҷонихел ҳамроҳ бо муовин ва муҳофизаш ба даст уфтод. ISAF гуфт, Малихон, ки барои анҷоми ҳамалот байни Афғонистону Покистон равуо мекунад, мусаллаҳ буд, вале бидуни кадом муқовимат дастгир шуд. Амрико ахиран идораи кашфи Покистонро ба ҳимоят аз шабакаи Ҳаққонӣ айбдор карда буд.
XS
SM
MD
LG