Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мурофиаи муассиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ


Муҳаббат Ҷӯраева

Дар вилояти Суғд мурофиаи парвандаи Муҳаббат Ҷӯраева – муассиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон – оғоз шудааст. Ҷӯраева ба сӯъиистифода ва муҳокимаи қазияҳои хориҷ аз салоҳияти додгоҳи ҳакамӣ айбдор мешавад. Худи Муҳаббат Ҷӯраева ин парвандаро фармоишӣ мехонад. Ба бовари ӯ, низоми мавҷудаи додгоҳӣ тобу тавони дидани додгоҳи алтернативиро надорад.
Додгоҳи ҳакамии Ҷӯраева 1 январи соли 2009 ба кор пардохта, тайи ҳамагӣ 1 соли фаъолияташ беш аз 150 қазияро баррасӣ кард. Ӯ вакили мудофеъи хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов низ ҳаст. Муҳокимаи парвандаи Исмоилов низ дар додгоҳи Хуҷанд идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG