Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии тарҳи будҷаи Тоҷикистон барои соли 2012


Ахиран дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будҷаи давлатии ин кишвар барои соли 2012 ва нишондиҳандаҳои будҷа барои 3 соли оянда муҳокима шуд. Қисми дахли будҷа барои соли оянда 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми дахлаш 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, яъне ба ин тартиб, касри будҷаи Тоҷикистон дар соли 2012 180 миллион сомонӣ, ё қариб 37 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Мизони рушди иқтисод дар соли оянда 7 дарсад ва ҳаҷми таваррум 10,5 фоиз пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG