Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабарҳо, дар пайи ташдиди ҳамалоти ҳукумати муваққати Либия болои шаҳри Сирт сокинони ғайринизомӣ аз ин шаҳр фирор мекунанд. Танҳо рӯзи 30 сентябр ҳудуди 100 000 мошин тарки Сирт - зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ – кардааст. Ҳарду ҷониб ҳам дар ҷабҳаи шарқии Сирт ва ҳам дар ҷабҳаи ғарбиаш ҳамчунон аз оташи тонку тӯпхонаҳо истифода мекунанд ва аз маркази шаҳр дар пайи ҳамлаҳои ахири ҳавопаймоҳои НАТО ба ҳаво дуд хестааст. Набардҳои сангин дар канораҳои шарқии Сирт, ки нирӯҳои ҳукумати муваққат 5 рӯз пеш дохили он шуданд, идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG