Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон дигар қасди кумак ба евроро надорад


Волфганг Шобле ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел
Волфганг Шобле ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел
Вазири молияи Олмон гуфт, ин кишвар қасди ба Сандуқи наҷоти евро додани маблағи бештар аз 211 миллиард евроро, ки парлумони Олмон дар ин ҳафта тасвиб кард, надорад. Волфганг Шобле дар мусоҳибае гуфт, Олмон алакай қариб нисфи ин Сандуқи 440-миллиардевроиро бар дӯш гирифтааст ва саҳми аз ин бештар гузоштанӣ нест. Кумаки Олмон ба кишварҳои буҳронзада ба мавҷи интиқодот дар дохили кишвар рӯбарӯ шуда, вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелле гуфт, кишварҳои ғарқи қарзро бояд таҳти назорати шадидтар қарор дод.
XS
SM
MD
LG