Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асирӣ низ ҳамроҳ бо Авлоқӣ кушта шудааст


Авлокӣ
Авлокӣ
Ду мақоми Амрико гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Яман зоҳиран ҳамроҳ бо раҳбари Ал-Қоида дар нимқораи Араб Анвар Ал-Авлоқӣ як бомбсози аршади саудӣ низ кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, маълумоти иктишофӣ ҳокист, ин ҳамлаи рӯзи ҷумъа Иброҳим Ал-Асириро низ кушта ба ҷо гузошт. Ин ду мақом бидуни бурдани ном сӯҳбат кардаанд, чунки ҳалокати Асирӣ ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Бовар меравад, маводи мунфаҷираеро, ки дар ҳамлаи нокоми рӯзи Мавлуди Масеҳ дар соли 2009 ва қасди бомбгузории ҳавопаймоҳои борбар дар соли гузашта истифода шуд, маҳз Иброҳим Ал-Асирӣ омода карда буд.
XS
SM
MD
LG