Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсиласафари Гроссман ба минтақа шурӯъ шуд


Марк Гроссман
Марк Гроссман
Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон бо як силсиласафаре, ки то 14 октябр идома хоҳад ёфт, Вошингтонро ба қасди кишварҳои Осиё ва халиҷи Форс тарк кардааст. Марк Гроссман тайи ин силсиласафар аз Имороти Арабу Қатар, Туркияву Чину Ҳинд, Афғонистону Покистон ва аз ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дидан хоҳад кард. Ин сафар дар пешорӯи ду анҷумани махсуси ояндаи Афғонистон, ки қарор аст, моҳи ноябр дар Истамбул ва моҳи декабр дар Бонн доир шаванд, сурат мегирад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ гуфт, фиристодаи Амрико рӯзи 5 октябр барои як сафари чоррӯза вориди Душанбе хоҳад шуд. Марк Гроссман бори охир дар моҳи май аз Тоҷикистон боздид карда буд.
XS
SM
MD
LG