Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими тирамоҳии даъват ба артиш


Аз 1 октябр дар Тоҷикистон мавсими даъвати тирамоҳӣ ба суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар оғоз ёфт.Тайи ин маърака, ки ду моҳ давом хоҳад кард, қарор аст, 15-16 000 ҷавон ба хидмати низомӣ даъват шаванд. Ҷамъи ҷавонони синни даъватӣ, яъне аз 18- то 27-сола дар Тоҷикистон беш аз 600 000 баровард мешавад, вале тақрибан 150 000 нафари онҳо аз хидмати артиш маоф буда, як бахши бузурги дигараш маъмулан дар хориҷ аз кишвар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Ситоди саросарии даъват ба артишро муовини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова раҳбарӣ мекунад. Аммо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, такмили суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то ҳол бештар тавассути “облава”-ҳо сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG