Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай гуфт, "Масъулини қатли Раббонӣ дар Покистонанд"


Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, ки рӯзи 19 сентябр дар манзилаш дар Кобул кушта шуд...
Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, ки рӯзи 19 сентябр дар манзилаш дар Кобул кушта шуд...

Раисиҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки масъулини қатли Бурҳонуддини Раббонӣ дар Покистон ҳастанд.

Ӯ афзуд, "бар асоси таҳқиқоти ибтидоӣ афроди мушаххас дар Кветта ин ҳодисаро тарҳрезӣ карда буданд."

Ҳамин тавр, пас аз таҳқиқоти ибтидоии давлати Афғонистон мушаххас шуда, ки масъулини террори Устод Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар Кветтаи Покистон ба сар мебаранд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Каозай дар сӯҳбаташ бо телевизиони хусусии "Нур" ин мавзӯъро иброз карда ва гуфтааст, Исломобод бояд барои дастгир кардани ин афрод бо Кобул ҳамкорӣ кунад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, иттилои ба даст омада нишон медиҳад, ки гурӯҳи мушаххас ин ҳодисаро дар Кветта тарҳрезӣ карда буданд.

Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, агар Покистон дар мавриди боздошти ин террористҳо ҳамкорӣ накунад, ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат хоҳанд кард, то дар мавриди ин ҳодиса таҳқиқ бикунад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ дар ин замина гуфтааст,
"ҳукумати Афғонистон ном ва адресҳои мушаххасро ироа кунад, бояд ҳукумати Покистон барои боздошти онҳо кӯмак намояд. Агар ҳамкорӣ накунад, тасмими баъдӣ ин аст, ки ин аснод ва шавоҳидро ба СММ ироа кунем."

Бурҳонуддини Раббонӣ, раисҷумҳури пешини Афғонситон ва раҳбари Шӯрои олии сулҳи ин кишвар рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзили худ дар Кобул кушта шуд. Ҳукумати Афғонистон ба дунболи қатли Бурҳонудини Раббонӣ раванди музокирот бо Толибонро ба ҳолати таълиқ дароварлааст.

Бо он ки Толибон дар мавриди куштани Устод Раббонӣ ибрози назар накардаанд, аммо раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай мегӯяд, агар дасти Толибон дар ин ҳодиса бошад, музокирот бо онҳо комилан қатъ хоҳад шуд.

Тазоҳурот дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG