Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Амрико Ӯзбакистонро ситоиш кард


Давлати Амрико, Ӯзбакистонро барои истифодаи қаламраваш ҷиҳати таъмини сарбозони Амрико дар Афғонистон ситоиш кард. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе дар Вашингтон гуфт: “Мо равобит бо Ӯзбакистонро қадр мекунем. Онҳо ба мо дар роҳи шимолии таъмини Афғонистон бисёр кӯмак кардаанд. Онҳо ҳамчунин дар амри бозсозии Афғонистон кӯмак мекунанд. Аз ҷумла дар мусоидат ба талоши афғонҳо ва ҳукумати Афғонистон барои бозсозӣ ва табдили ин кишвар ба як кишвари бештар муваффақ ва босубот.“ Баёнияи Ҳилларӣ Клинтон дар ҳолест, ки давлати Амрико бино ба гузоришҳо, бо назардошти ноамн шудани роҳҳои таъмини нерӯҳояш аз тариқи Покистон, интиқоли лавозимот ба нерӯҳояшро аз тариқи Афғонистон афзоиш медиҳад. Аз сӯи дигар равобити Амрикову Покистон тайи чанд вақти ахир ба сардӣ гароидааст.
XS
SM
MD
LG