Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифии намоишномаи "Поёни шаби сиёҳ..." дар Театри ҷавонон бо ҳузури аҳли ҳунар баргузор гардид.

Намоишномаро Мирзоватан Миров, ҳунарманди саршиноси Тоҷикистон, коргардони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузоштааст.

Нақши асосиро Ҳотами Равшан, ҳунарманд ва овозхони тоҷик иҷро карда ва дар дигар нақшҳо Назримад Мӯсоев ва Абдулмӯъмин Шарифов ва гурӯҳе аз ҳунармандони ҷавони театр буданд.

Худшиносӣ ва ғурури ватандорӣ аз мавзӯи аслии намоишномаи «Поёни шаби сиёҳ...» буда, паёми он сохтани давлату миллати шоиста аз тариқи рафъи мушкилот, ба хусус фасоду маҳалгароӣ ва меҳтаргароӣ аст.

Ин аст, ки ҳунармандон бо такя ба сухани асил ва назми ҷаҳонгири бузургони фарҳангу адаби форс - тоҷик ба ватандориву ватанпарастӣ ва ифтихороти миллӣ даъват мекарданд.


Ин буд, ки пас аз тамошои намоишнома аксари тамошогарон, ки аҳли зиё буданд, аз ба рӯи саҳна омадани ин асар истиқбол карданд ва инро ҷасорати ҳунарии муаллиф ва ҳунармандон донистанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG