Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Аврупо давлати Озарбойҷонро интиқод кард


Томас Ҳаммарберг - масъули ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо, мақомоти Озарбойҷонро ба хотири вазъи нохуби ҳуқуқи инсон дар он кишвар башиддат интиқод кард. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, Томас Ҳаммарберг дар як гузориш навиштааст, “озодии баён ва озодии ҳамоишҳои мусолиматомез дар Озарбойҷон танназзули ҷидди ёфтааст ва бояд барои риояти ин ҳуқуқи бунёди тадобири фаврӣ андешида шавад.” Томас Ҳаммарберг дипломати Шветсия имрӯз гуфт, мояи таассуф аст, ки давлати Озарбойҷон тавсияҳои як соли пеши Шӯрои Аврупо барои ислоҳи вазъи ҳуқуқи инсонро нодида гирифта ва дар баъзе ҳолат бар хилофи тааҳудоти хеш барои риояти ҳуқуқи башар амал кардаанд. Муҳокимаи хабарнигорон, сиёсатмадорони дигарандеш ва фаъолони сиёсӣ дар Озарбойҷон дар солҳои гузашта бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG