Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Илтиҷои модари Ёқуб Салимов аз мақомоти Тоҷикистон


Модари солхӯрдаи Ёқуб Салимов, вазири собиқи зиндонии тоҷик дар як нишастии хабари бесобиқа аз мақомоти Тоҷикистон хост, шароити нигаҳдории фарзандашро беҳтар кунанд. Ашӯрбӣ Салимоваи 86-сола, ки зимни сӯҳбат доир ба сиҳатии фарзандаш ашк мерехт, гуфт, “Ҳам дилзанак дорад, мегуфт, ки тамоми баданаш месӯзад, пойҳояш месӯзад, чашмонаш хира шудаанд. Ақаллан як бор ӯро ба духтур нишон медоданд. “ Ашӯрбӣ Салимова мегӯяд, ҳатто агар писарашро озод ҳам накунанд, ҳадди аққал аз боздоштгоҳ ба зиндони оддӣ интиқол диҳанд. Ёқуб Салимов, аз атрофиёни наздики раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз соли 1993 то соли 1995, вазири умури дохила буд. Аммо баъдан ба талош барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуд ва баъди боздошташ дар Русия дар соли 2005 ӯро ба кишвар истирдод карданд ва ба 15 соли зиндон маҳкум намуданд.
XS
SM
MD
LG