Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 ё 14 соли зиндон барои хабарнигор Исмоилов. Аммо чаро?


Талаби ҳабси дарозмуддати Исмоилов созмонҳои журналистӣ ва ҳамкасбони ӯро дар кишвар ва хориҷа такон додааст.

Яке паси дигар ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) аз Ню Йорк ва Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз Порис аз муҳокимаи хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ ва дархости ҳабси дарозмуддати ӯ башиддат ибрози нигаронӣ карданд.

RSF дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъаи 30-юми сентябр гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин”. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, “мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд.“

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт 10 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва ӯро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд. Аммо вакилони дифоъаш мегӯянд, ин иттиҳомот беасос аст ва Муҳаммадюсуф Исмоилов бояд озод карда шавад.

МАҚОЛАҲОЕ, КИ САБАБИ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ ШУДАНД

Додситони ноҳияи Ашт, А. Қаноатов бори аввал рӯзи 11 октябри соли 2010 ба боз кардани парванда зидди Муҳаммадюсуф Исмоилов қарор кардааст. Дар ин қарор гуфта мешавад, ки муаллиф "дар мақолаи «Ашт валангор мегардад» обрӯ ва эътибори муовини аввали раиси ноҳияро паст зада, ӯро ба «командири баталиёни сохтмонӣ» ташбеҳ додааст.

Ҳамчунин дар бораи раиси ноҳияи Ашт, Д. Зоҳидов ва раиси ширкати «Бародарон» Т. Абдуллоев иттилои бардурӯғро дар бораи тақсиму истифодаи замин нашр кардааст. Ин иттилоъ дар мақолаи Исмоилов ба ин шакл омадааст: «Мардуми н.Ашт аз соле, ки роҳбарии онро Зоҳидов Д.А. ба зимма доранд, сахт дар ташвишанд. Хусусан, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳолати вазнинеро паси сар доранд. Кор то ҷое расидааст,
Мақолаи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар "Нури зиндагӣ"

ки заминҳои ҳамвори ноҳияро якчанд нафар мардуми аз маркази вилоят, ки номи «Бародарон» машҳуранд, ғасб карда гирифтаанд.[...] Ин «Бародарон» Олим ва Толиб Абдуллоевҳо аз бепарвоии роҳбари ноҳия Д. Зоҳидов истифода бурда заминҳоро ба мардум тариқи пули нақд ҳар як гектарашро ба иҷора медиҳанд, ки ин тамоман ғайриқонунӣ аст. Ҳол он ки заминҳо соҳиб доранд, лекин ин бародарон гӯё пул дода, ин заминҳоро харида бошанд. Беадолатию беинсофии ин «Бародарон» ва роҳбари ноҳия буда, ки мардуми ин деҳаҳо бе замин монда, як қисмашон Точикистонро тарк карда, дар Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд."

Додситон Қаноатов бо ишора ба ин навиштаҳои хабарнигор ва дар дифоъ аз обрӯи раиси ноҳия, муовини ва раиси ширкати «Бародарон» ба ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ зидди хабарнигор Исмоилов қарор кардааст.

Аммо дертар, барои илова кардани айбномаи "тамаъҷӯӣ" додситон Қаноатов рӯзи 19-уми октябри соли 2010 қарори наве бароварда, Исмоиловро ба он айбдор мекунад, ки гӯё ӯ ба шаҳрвандон таҳдид кардаву дар ивази чоп накардани мақолаҳои танқидӣ аз онҳо пул ва чӯбу тахта талабидааст.

НАТИҶАИ ТАШХИСИ ЗАБОНШИНОСӢ -- ЗИДДИ ИСМОИЛОВ

Дар ҳоле ки вакилони Исмоилов мегӯянд, бахши зиёде аз иттиҳомоти зидди шахси зерҳимояи эшон тасдиқ нашудаанд, натиҷаҳои ташхиси забоншиносӣ, зоҳиран сабаби пойфишории мақомоти додситонӣ шудааст.

Амирҷон Ғафуров, ёрдамчии додситони шаҳри Табошар, дар ҷараёни баррасии парвандаи рӯзноманигор дар додгоҳ гуфтааст, бар асоси таҳлили забоншиносии мақолаҳои рӯзноманигор, ҷурми ӯ исбот шудааст ва биноан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст, Исмоилов ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Аммо Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, ниҳоде, ки ташхиси забоншиносии матолиби нашркардаи Исмоиловро анҷом додааст,
Додихудо Саймиддинов
ба Радио Озодӣ гуфт: «Барои таҳқир ё тӯҳмат 16 сол зиндон намекунанд. Агар одам кушта бошӣ 16 сол медиҳанд. Ташхиси забонӣ умдатан пас аз анҷоми марҳилаҳои таҳқиқии парванда сурат мегирад. Мо ин корро бо дархости додгоҳ ва ба хотири муайян кардани маънои луғавии бархе аз калимаҳо, ки оё маънии таҳқиромез доранд ё на анҷом додем. Дар воқеъ дар мақолаҳои навиштаи ин хабарнигор калимаҳои таҳқиромез ва тӯҳмат буданд, аммо барои таҳқир 16 сол намедиҳанд.”

Ба таъкиди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, шояд додситон далели дигаре барои дархости худ доштааст. Зеро ба эътиқоди Додхудо Саймиддинов, бо ду, се ва ё чаҳор калимае, ки таҳқир дониста шудаанд, додгоҳ ҳукм намекунад.

"16 СОЛЕ, КИ ДОДСИТОН МЕПУРСАД БИСЁР БЕРАҲМОНА АСТ"

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ин иқдоми додситонро фишор ба рӯзноманигорон хонд ва
Акбари Саттор

гуфт: “ Қазияи рӯзноманигорро, ки додгоҳ ба баррасӣ гирифтааст ман ҷуз фишор ба журналистика чизи дигаре намедонам, Зеро агар навиштаҳои Муҳаммадюсуф Исмоиловро хонед, дар он чизи зиёдатиро намебинед. 16 соле, ки додситон мепурсад, бисёр бераҳмона аст.”

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи рӯзноманигор гуфтааст, ки дар ҷараёни баррасиҳо ҷурми рӯзноманигор собит нашудааст ва ӯ умедвор аст, ки додгоҳ қазияро ҳамаҷониба баррасӣ карда рӯзноманигорро аз толори додгоҳ озод мекунад.

НИГАРОНИИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТӢ

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар баррасии ин парванда иштирок дошт гуфт, дар оғози баррасии ин парванда вакили мудофеъ аз додгоҳ тақозо кард, дар робита ба аъмоли чаҳор мансабдори даъвогар, ки ба кори рӯзноманигор монеа эҷод карда ва ӯро таҳқир карда ҳамчунин аз мансаби худ сӯистифода кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Вале додгоҳ бидуни машварат ва баррасии ин пешниҳод онро радд кард.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) низ аз ҷараёни муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти нави худ ин созмони байнулмилалӣ аз
Нуриддин Қаршибоев

мақомоти тоҷик хост, айбномаи зидди хабарнигори маҳаллии нашрияи "Нури зиндагӣ" бекор ва парвандаи ӯ баста шавад.

Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «АФРӮЗ» низ аз дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуф Исмоилов нигаронии шадид намуда онро боиси эҷоди даҳшат дар маҳофили рӯзноманигорӣ унвон кардааст.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: "Агар ин иттифоқ биуфтад, мутмаинан Тоҷикистон душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рӯзноманигорӣ унвон хоҳад шуд."

«АФРӮЗ» дар хотима аз раиси ҷумҳур ба унвони кафили озодиҳои шаҳрвандӣ тақозо кардааст, ки дар ин қазия мудохила кунад.

Дар ҳамин ҳол созмонҳои дигари журналистӣ аз ҷумла Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон(НАНСМИТ), ҳамчунин созмони Медиа-Алянс хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи маҳаллии “ Нури зиндагӣ” шудаанд.
XS
SM
MD
LG