Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо аз Белорус хост, зиндониёни сиёсиро раҳо кунад


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз давлати Ҷумҳурии Белорус хостанд, маҳбусони сиёсиро фавран аз зиндон раҳо кунад. Дар баёнияи сарони 27 кишвари узв дар шаҳри Варшава, аз вазъи бадтаршавандаи ҳуқуқи инсон, демократия ва ҳокимияти қонун дар Белорус ибрози нигаронии амиқ шудааст. Ҳерман Ван Ромпуӣ, раиси Шӯрои Аврупо дар ин бора гуфт: “Мо наметавонем, бидуни пешрафти возеҳи Белорус дар роҳи демократия ва риояти ҳуқуқи инсон, муомила бо онро аз сар бигирем. Яъне бояд тамоми зиндониёни сиёсиро озод ва эътиборашон барқарор кунанд ва бо мухолифин муколамаи сиёсии ҳақиқӣ оғоз намоянд.“ Пештар аз ин баёния давлати Белорус, аз ширкат дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо бо раҳбарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ даст кашид, зеро даъват нашудани раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба ин нишаст ба гуфтаи Белорус “як табъизи бесобиқа” алайҳи Белорус аст.
XS
SM
MD
LG