Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Оё Узбакистон аз нав дӯсти Амрико мешавад?


Аз рост: вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ва ҳамтои узбаки ӯ Илёр Ғаниев, Вашингтон 29 сентябри соли 2011.

Аз рост: вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ва ҳамтои узбаки ӯ Илёр Ғаниев, Вашингтон 29 сентябри соли 2011.

Бо сардтар шудани равобити Амрико ва Покистон гумони ба ҳампаймони нави он табдил ёфтани Узбакистон бештар мешавад.

Ин гумонҳо барои онҳое, ки аз вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон норозиянд, ташвишовар мебошанд.

Кохи Сафед тасдиқ кард, ки раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама рӯзи 28-уми сентябр ба раҳбари Узбакистон Ислом Каримов занг зада ва 20-умин солгарди истиқлолияти Узбакистонро ба ӯ табрик гуфтааст.
Ба иллати он душвориҳое, ки ҳоло Покистон дорад, Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар ҷустуҷӯи имкониятҳои алтернативиянд...


Ин сӯҳбати телефонӣ қариб баъд аз як моҳи номаи Обама дар 3-юми сентябр ба вуқӯъ пайваст, ки дар он раисиҷумҳури Амрико хостори таҳкими равобити байни ду кишвар шуда буд. Ва ҳам дар рӯзе ҷараён гирифт, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз эҳтимоли лағви таҳрими фурӯши силоҳ ба Узбакистон эътироз намуда, аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида даъват мекарданд, ки таҳримҳоро ҳифз кунад. Ҳамчунин истифодаи заҳмати кӯдакон дар саноати пахтаи Узбакистон мавриди танқиди шадиди ҳомиёни ҳуқуқи башари Амрико буд.

ВАЛЕ ПОКИСТОН ВА РОҲҲОИ ИКМОЛОТӢ

Ҳамаи қазия ҳамчунин дар пасманзари сардии бештари равобит байни Иёлоти Муттаҳида ва Покистон сурат гирифт ва ҳоло бояд дид, ки ин ду рӯйдод бо ҳам чӣ пайвандҳое доранд.

Лилит Геворгян, таҳлилгари умури Русия ва Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Гурӯҳи Иттилоотии Ҷейн бар ин аст, ки пайванд қавист, зеро Иёлоти Муттаҳида ҳоло ба роҳҳои шимолии таъмини нерӯҳои худ дар Афғонистон чашм дӯхтааст. Ба ақидаи ин коршинос, Вашингтон на танҳо дар пайи ин аст, ки бештар аз роҳҳои шимолӣ истифода кунад, балки таъмини нерӯҳои хешро дар оянда куллан аз ҳамин масир анҷом диҳад.

Лилит Геворгян

Вай мегӯяд: “Албатта, ба иллати он душвориҳое, ки ҳоло Покистон дорад, Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар ҷустуҷӯи имкониятҳои алтернативиянд. Солҳои охир мо шоҳиди то рафт бадтар шудани амнияти роҳҳои Покистон шудем, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО-ро маҷбур мекунанд, рӯ ба имкониятҳои Осиёи Марказӣ орад.”

ХОТИРАҲО АЗ ПОЙГОҲИ ҚАРШӢ-ХОНОБОД

Пас аз ҳамлаҳои террористии 9/11 ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар охирҳои соли 2001 дар Қирғизистон ва Узбакистон пойгоҳҳоио ҳарбӣ таъсис дод, то аз тариқи онҳо ба амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон кӯмак кунад. Баъд аз мулоқот бо Каримов дар Тошканд дар соли 2004 вазири дифои Амрико, Доналд Рамсфелд аз ҳамкории афзояндаи Амрико ва Узбакистон ситоиш кард ва нигарониҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро нодида гирифта, гуфт, равобити Вашингтон наметавонад, танҳо бар пояи “як рукн” бошад.

Вале бераҳмии ошкоро дар саркӯби рӯйдодҳои соли 2005 дар Андиҷон сабаб гашт, то Вашингтон сиёсати худро бознигарӣ кунад. Баъд аз даъват ба таҳқиқи байнулмилалӣ ва мустақилонаи ин рӯйдодҳои хунин Тошканд аз Амрико хост, пойгоҳи Қаршӣ-Хонободро тарк намояд.

Акнун, ба ақидаи хонуми Геворгян, дар пасманзари муносибатҳо бо Покистон, Узбакистон аз нав дорои аҳамият мешавад. Коршинос мегӯяд, ин пойгоҳ аз бартариҳои зиёде бархӯрдор буда, ба фарқ аз пойгоҳи Манас дар Қирғизистон имокни истифода аз роҳҳои заминӣ то Афғонистонро пешниҳод мекунад, ки интиқоли амвол аз тариқи онҳо ба маротиб арзонтар тамом мешавад.

МЕЪЁРҲОИ МУОМИЛА ВА ДОДУСИТАД

Барои бозгашти Амрико ба роҳҳои икмолотии Узбакистон, Вашингтон бояд аввал тӯҳфае биёрад. Биноан, Кумитаи ташхсис Сенати Иёлоти Муттаҳида рӯзи 22-юми сентябр бо дархости ҳукумати Обама таҳрими фурӯши силоҳ ва кӯмаки ҳарбӣ ба Узбакистонро бекор кард. Ин таҳримҳо дар соли 2004 зимни нақзи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон эълон шудаанд. Аз он вақт то ҳоло дар мурооти ҳуқуқи инсон дар Узбакистон тағйири муҳиме ба амал наомадааст. Аммо лағви таҳрим акнун имкон медиҳад, ки масъалаи ҳамкории ҳарбӣ бо Узбакистон ба як бахши хароҷоти хориҷӣ табдил ёбад. Қарор аст, ин тарҳ охири сол дар Конгресси Амрико баррасӣ ва тасвиб шавад.
Обама ва Каримов


Бархе аз коршиносон ибораи “ҳамкории чандҷиҳата”дар гуфтугӯи телефонии Обама ва Каримовро як навъ акси садои беихтиёри суханони қадимии Рамсфелд мешуморанд, ки гуфта буд, ҳамкорӣ набояд танҳо як сутун дошта бошад.

Аммо маълум нест, Узбакистон бо кӯмаки ҳарбии Иёлоти Муттаҳида чӣ хоҳад кард, зеро бо хариди аслиҳа ва таҷҳизот аз Русия ба маблағи 300 миллион доллар бахши аслии харҷи ҳарбии худро иҷро кардааст.

НОМАИ 20 СОЗМОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Бист созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар, ба ҷумлаи Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч, Афви Байнулмилал, Форуми ҳуқуқи Коргар ва монанди инҳо рӯзи 28-уми сентябр номаеро ба унвони вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон имзо карданд аз ӯ хостанд, ҳуқуқи инсонро болотар аз нигарониҳои ҳарбӣ гузорад. Дар нома аз Клинтон “ҷиддан” даъват мешавад, ба лағви таҳримҳо мухолифат намояд.

Изофа ба ин наздик ба 60 фаъоли ҳуқуқи инсон дар назди биное дар Вашингтон, ки он ҷо бизнес-форуми Амрико ва Узбакистон ҷараён дошт, тазоҳурот баргузор карданд. Ва ҳамчунин зиёда аз 60 ширкати машҳури тавлиди либосу матоъ пахтаи Узбакистонро, ба иллати истифодаи нерӯи кӯдак дар парвариши он таҳрим карданд. Ва намоиши тарҳҳои Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистон дар Ҳафтаи тарҳи либоси Ню Йорк бо фишори фаъолони ҳуқуқи башар лағв гардид. Дертар ӯ бе ширкати шахсияш ин намоишро дар як толори хусусӣ баргузор намуд.

ПОСУХИ ХОНУМ ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, муколамаи давомдори ҳукумати Амрико бо Узбакистон муҳим аст ва ҳамеша дар қатори масъалаҳои дигар мавзӯи ҳуқуқи инсонро низ дар бар мегирад. “Аммо дар айни замон мо бо узбакҳо ҳамкорӣ мекунем, то пешрафте ҳосил шавад ва баъзе аломатҳои он ба назар мерасад ва мусалламан мо мехоҳем, равобити мо дар ҳамаи риштаҳо амиқтар шавад.”

Ҳилларӣ Клинтон

Хонуми Клинтон ҳамчунин гуфт, кившараш ба равобит бо Узбакистон арзиши бузург қоил аст. “Онҳо дар масъалаи шабакаи шимолии икмол хеле кӯмак карданд. Онҳо ҳамчунин дар ёрдам ба афғонҳо ва ҳукумати Афғонистон дар бозсозии Афғонистон ва ояндаи боз ҳам сулҳомезтари ин кишвар амиқан шариканд.”

Ин сӯҳбатҳои вазири умури хориҷии Амрико баъд аз мулоқоти ӯ бо ҳамтои узбакаш Илёр Ғаниев ва дар шарҳи тамоси телефонии президент Обама бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов садо доданд, ки бино бар иттилои Кохи Сафед, бо ташаббуси Обама ба вуқӯъ пайваста, ду раҳбар дар ҷараёни он гуфтаанд, “хостори рушди муносибатҳои чандҷиҳата байни Иёлоти Муттаҳида ва Узбакистонанд, аз ҷумла таҳкими тамосҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусии Амрико ва Узбакистон.”

Ду президент ҳамчунин гуфтаанд, онҳо “дар пуштибонӣ аз Афғонистони босубот, амн ва шукуфон ҳамназаранд” ва кӯшишҳои муштаракро дар ин бобат баррасӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG