Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти қатли Авлакӣ як тарғибгари калидии Ал-Қоида


Анвар ал- Авлакӣ, як рӯҳонии ифротгаро, ки Амрико онро бузургтарин хатари амнияти дохилиаш медонист, дар Яман кушта шудааст. Вазорати дифоъи Яман гуфт, ин муллои ифротгарои зодаи Амрико, ки тарғибгари Ал-қоида дар нимҷазираи Арабистон буд, дар амалиёте бо чанд ҳамроҳаш кушта шудааст. Маълум нест, ки Ал-Авлакӣ дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои яманӣ ва ё ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико кушта шудааст? Моҳи май ӯ аз як чунин ҳамла ҷон ба саломат бурд. Анвар ал-Авлакӣ, ки пеш аз рафтанаш ба Яман дар соли 2004 дар масҷидҳои Амрико вазъ мегуфт, дар ҷалби ифротгароён ба ҳалқаи Ал-қоида дар Яман нақши калидӣ доштааст. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Умар Форуқ Абдул Муталлаб, як шаҳрванди Нигерия, ки ба бомбгузории ҳавопаймо дар фурудгоҳи Дейтройти Амрико дар моҳи декабри соли 2009 муттаҳам мешавад, аз шогирдони Авлакӣ будааст. Нидол Ҳассан, як сарбози дигар, ки дар пойгоҳе дар иёлати Тексаси Амрико даҳҳо ҳамхидматонашро кушт, бо Анвар ал-Авлакӣ ҳам мукотиба доштааст.
XS
SM
MD
LG