Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Русия қазияи такондиҳандаи баррасӣ мекунад


Додгоҳи шаҳри Копейски Русия рӯзи 3 октябр ба баррасии даъвои ду хонавода мепардозад, ки 12 сол пеш фарзандонашонро дар таввалудхона иваз кардаанд. Падари яке аз фарзандон, Ирина Беляева, Неъмат Искандаров аст, ки мегӯяд, бо вуҷуди онки Аня Андрушак духтари каси бегонаро парвадааст, ӯро ба касе нахоҳад дод. Юлия Андрушак, ки Ирина Беляева духтари Искандаровро ба воя расонидааст, мегӯяд ҳозир аст, ҳарду духтарро бигирад. Неъмат Искандаров ва Юлия Андрушак аз додгоҳ хостааст, аз таваллудхона ба нафъи онҳо 5 миллион рубл, ҷуброни маънавӣ ситонад. Ҳарду хонавода дар шаҳри Копейски Русия зиндагӣ мекунанд ва танҳо як тасодуф сабаби ошкор шудани ин иштибоҳи сарнавиштсози табибон шудааст.
XS
SM
MD
LG