Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии созмонҳо аз сарнавишти хабарнигори тоҷик


Муҳаммадюсуф Исмоилов дар як мақолааш шеваи амалкарди мақомоти ноҳияи Аштро интиқод карда буд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар як мақолааш шеваи амалкарди мақомоти ноҳияи Аштро интиқод карда буд.

Созмонҳои мудофеъи озодии баён аз муҳокимаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик башиддат ибрози нигаронӣ карданд, ки додситонҳо хостаанд, ӯ ба 16 соли зиндон маҳкум шавад. Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар шаҳри Порис имрӯз бо нашри баёнияе гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин”. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, “мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд.“ Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи “Нурӣ Зиндагӣ” дар Аштро, ки 10 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст, мақомоти расмӣ бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд. Аммо вакилони дифоъаш мегӯянд, ин иттиҳомот беасос аст ва Муҳаммадюсуф Исмоилов бояд озод карда шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG