Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯҳонии ифротгарои Яманро куштанд


Маъмурони амниятии Яман Анвар ал-Авлакӣ, як муллои ямании зодаи Амрикоро, ки бо ҳалқаи Ал-Қоида дар Яман иртибот дошт, куштаанд. Вазорати дифоъи Яман дар як баёния имрӯз гуфт, Анвар ал-Авлакӣ дар як амалиёт ҳамроҳ бо чанд шарикаш кушта шудааст. Бино ба гузоришҳо, ин рӯҳонӣ дар як талоши бесамари бомбгузорӣ дар як ҳавопаймои озими Амрико дар соли 2009 даст доштааст.
XS
SM
MD
LG