Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милал: "Роҳҳали сулҳи Афғонистон низомӣ нест"


Стаффан де Мистура, фиристодаи Созмони Милал барои Афғонистон, таъкид кардааст, ки ба сулҳи пойдор дар ин кишвар танҳо аз роҳи сиёсӣ, на аз роҳи низомӣ метавон ноил шуд. Ӯ гуфт, бо вуҷуди қатли устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, дари муколама ва оштӣ баста нашудааст. Дар як нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал бахшида ба вазъи Афғонистон, Стаффан де Мура гуфт, сулҳ “як раванд аст, на ҳодиса” ва барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор ба ин раванд бояд тамоми афғонҳо ҷалб карда шаванд.
XS
SM
MD
LG