Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Гелонӣ: "Исломобод масъули бесуботиҳо нест"


Нахусвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ
Нахусвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ

Юсуф Ризо Гелонӣ аз ИМА даъват кард, ки масъулияти ҳама бесуботиҳо дар минтақаро бар дӯши Исломобод нагузорад.

Нахуствазири Покистон афзуд, ки кишвараш тавони кори бештаре дар мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳро надорад. Изҳороти Гелонӣ дар нишасти фаврии раҳбарони сиёсӣ ва низомии Покистон пахш шуд, дар нишасте, ки ба хотири посух додан ба иттиҳомҳои Амрико дар бораи аз сӯи хадамоти ҷосусии Покистон пуштибонӣ ёфтани чирикиҳо дар Афғонистон, баргузор гардид.

ШАБАКАИ ҲАҚҚОНӢ- БОЗУИ АМАЛКУНАНДАИ ISA?

Ҳафтаи гузашта адмирали амрикоӣ Майк Маллен изҳор намуд, ки ISI - Хадамоти кашфи Покистон аз шабакаи террористии Ҳаққонӣ, яке аз гурӯҳҳои пайванд бо толибони афғон, дар муборизааш бо нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Дар ҷаласаи Кумитаи низомии Сенати Амрико низомии воломақом гуфт, ки “шабакаи Ҳаққонӣ ...

чун силоҳи аслии ISI-и Покистон амал мекунад. Бо пуштибонии ISI, ошӯбгарони Ҳаққонӣ дар мошини боркаш бомб гузоштанд ва ҳамчунин ба сафорати мо ҳамла карданд.”

Манзури Маллен ду ҳамлаи ахир ба нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аст - яке инфиҷори мошини боркаш дар постгоҳи нерӯҳои НАТО дар мавзеи Сайидободи вилояти Вардак, ки бар асари он ду нафар ба ҳалокат расида, 77 низомии амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд ва дигарӣ - ҳамла ба сафорати Амрико ва қароргоҳи НАТО дар шаҳри Кобул, ки тақрибан 20 соат идома дошт.

ПОКИСТОНИҲО МУТТАҲИД ШУДАНД

Ин ва дигар изҳоротҳои шадидуллаҳну даъватҳои пай дар пайи Вошингтон аз Исломобод барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои шабакаи Ҳаққонӣ дар Афғонистон, равобити миёни ду кишварро сардтар сохта, дар Покистон мавҷи нави норозигиҳо аз сиёсати Амрикоро барангехт. Баёнияҳои Кохи Сафед ҳатто раҳбарони нерӯҳои бо ҳам мухолифи
Аҳмад Шуҷоъ Пошо, раҳбари хадамоти ҷосусии Покистон-ISA

Покистонро ба ҳам овард-дар конфаронси дирӯза раҳбарони беш аз 60 ҳизби бузургу хурди сиёсӣ ширкат доштанд.

Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ ҳам дар ин нишаст гуфт, ӯ яқин дорад, ки “раҳбарияти сиёсӣ ва мардуми Покистон барои аз нав дифоъ кардан аз марзҳои ҷуғрофӣ, озодӣ ва истиқлоли ватанамон омодаанд”.

Раиси хадамоти кашфи Покистон Аҳмад Шуҷоъ Пошо изҳор намуд, ки амалиёти низомии ИМА алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави Покистон ғайри қобили таҳаммул аст ва артиши Покистон барои ҷилавгирӣ аз ин амалиёт омодааст.

ШАБАКАИ ҲАҚҚОНӢ ТЕРРОРИСТ ЭЪЛОН МЕШАВАД

Мақомоти Покистон рӯзҳои ахир чандин бор робитаи худ бо шабакаи Ҳаққониро рад карданд.

Ин ҳафта ҳукумати ИМА эълом дошт, ки дар баррасии мавзӯъи ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кардан ё накардани шабакаи Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ба марҳалаи ниҳоӣ
Раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ

расидааст. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, хабар дод ва афзуд, ки ҳукумати Амрико раҳбарони ин шабакаро аллакай террорист унвон кардааст.

Агар шабакаи Ҳаққонӣ расман гурӯҳи террористӣ эълон шавад, ба шаҳрвандони Амрико ҳама гуна кӯмак ба он манъ ва ҳисобҳои бонкии шабака дар ИМА мунҷамид карда хоҳанд шуд. Дирӯз вазорати молияи Амрико як муомилаи молиявии гурӯҳеро таҳрим кард, ки гуфта мешавад миёни онҳо шояд раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ низ ҳастанд. Ҳамчунин алайҳи се мансабдори аршади Толибон, ки бо масоили молиявӣ сару кор доранд, таҳримҳо ҷорӣ карда шуд.
XS
SM
MD
LG