Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варшава аз Теҳрон хостори лағви ҳукми Нодархонӣ шуд


Мақомоти Лаҳистон аз Эрон даъват карданд, ки ҳукми эъдоми Юсуф Нодархонӣ, ҷавони дини насрониро пазируфтаро лағв кунад.

Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Лаҳистон, нотаи муовини вазир Ежи Помяновски тавассути сафири кишвар дар Теҳрон ба мақомоти Эрон супурда шуд.

Юсуф Нодархонӣ дар синни 19-солагӣ ба дини насронӣ гаравид ва раҳбарии як ҷомеъаи инҷилпарастаҳоро бар дӯш гирифт. Мақомоти Эрон ӯро муртад хонда боздошт карданд. Як додгоҳи Эрон Нодархониро ба эъдом маҳкум намуд.

Аз ин пештар ИМА, Бритониё ва Олмон ҳам ҳукми эъдоми рӯҳониро маҳкум карда, аз Теҳрон хостори лағви он шуданд.

Лаҳистон раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG